ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ
Имрӯз шанбе 5-уми июл, дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар, кӯчаҳои марказӣ, назди ташкилоту корхона ва маҳаллаҳои шаҳри Левакант шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.
Дар ин ҳашари дастаҷамъона кормандони ташкилоту корхона ва сокинон фаъолона иштирок намуда, дар тозагию ободонии шаҳр саҳми худро гузоштанд.
Бояд гуфт, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъонаи тозагӣ баҳри ҳифзи муҳити зист ва тозагии атроф пайваста гузаронида мешавад, ки ин дар тозагию ободи диёр нақши муҳим дорад.