ЛЕВАКАНТ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БО ФАЪОЛОН

.

24-уми январ, тибқи нақша-чорабинӣ дар толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалии Левакант, бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии ҷумҳурӣ” ҳамоиш баргузор гардид.

 

Дар ин ҳамоиш муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, роҳбари дастгоҳи раис-Шарифи Бобосафар, мудирону шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, аъзои гурӯҳи кории МИҲД-и вилоят, муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи вилояти Хатллон-Давлатов Маҳмадӣ, раиси бахши минтақавии Иттифоқи нависандагони дар вилояти Хатлон-Озар Салим, адиби вилоят-Амиршоҳи Хатлонӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, ректори Донишкадаи байналмилалии Левакант-Саидзода Саид ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ гуфта шуд, ки Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии ҷумҳурӣ” барномаи мукамали корие мебошад, ки мо бояд дар фаъолияти минбаъдаи худ аз рӯи он амал намоем ва ҳар як дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намоем.

Инчунин иброз шуд, ки Паёми имсола низ, мисли паёмҳои солҳои пешин, дорои арзишҳо ва аҳамиятҳои хос буда, муҳим арзёбӣ мешавад. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас муайян мегардад. Илова бар ин, Паём омили муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ буда, сирату сурат ва самтшиносии Президенти кишвар дар назди халқу намояндагони парлумон чун роҳбари мардумӣ ироа шуда, раванду рўйдоди муҳими давлатию сиёсиро аз диду мадиди гуногун мавриди муҳокимаву машварат қарор медиҳад. Зимнан, бояд ишора кард, ки паёмҳо дорои ду нуктаи муҳим - яке ҳисоботдиҳанда ва дигаре риояи қонуну низоми меъёрҳои демократӣ ва идорӣ мебошанд.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат ба масъалаи зарурати тарбияи кадрҳои баландихтисос таваҷҷӯҳи махсус доданд ва аҳли маорифро ба ин масъала ҷалб намуданд. Муайян гардид, ки сарнавишт ва сарбаландии миллатҳо дар ҷаҳони муосир ба технологияҳои электронӣ ва истифода аз ҳуши маснуъӣ вобаста аст. Миллатҳое, ки дар ин соҳаҳо рушд накунанд, дар оянда ва дар тасмимгириҳои низоми байналмилалӣ ҷойгоҳе нахоҳанд дошт.

Ба ин далел, барои тавсеа додани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад. Дар Паём ишора шуд, ки Ҳукумат барои амалӣ намудани ин тарҳ чораҳои зарурӣ ва иловагиро низ пешбинӣ кардааст.