ЛЕВАКАНТ: САХОВАТИ БУЗУРГ ДАР ИДИ САИДИ ФИТР

.

Дастгирии ятимону бепарасторон, ниёзмандону барҷомондагон, оростани дастархони идона ва супоридани туҳфаҳо ба онҳо дар арафаи ҳар як иду ҷашн аз иқдомҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ин навбат дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Ориё тиҷорат" ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант-Шаҳбоз Турахонов, бахшида ба иди саиди Фитр ба 19 кӯдаки ятими шаҳри Левакант, туҳфаҳои пулӣ ва маводҳои шустушӯию хушбӯикунандаҳо тақдим карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: ПЕШГИРИ АЗ ЗАРАРИ МАЛАХ

.

Яке аз хатарҳои хоҷагии қишлоқ, тайи солҳои охир ин яку якбора зиёд гаштани малах мебошад, ки ба соҳаи кишоварзи мушкилии зиёд меорад.

Раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин барои пешгирии ин ҳолат аз ҷойҳое, ки ҳамасола дар он ҷойҳо малах тухм мегузораду зиёд мешавад дидан намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ТАНЗИМИ НАРХУ НАВО ВА ПЕШГИРИИ САВДОИ КӮЧАГӢ

.

Имрӯз 29-уми март, фардо бошад иди саиди Фитр, баҳри мутадил нигоҳ доштани нарху навоми маҳсулоти ғизоӣ ва пешгири аз савдои кӯчагӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, масъулини ШВКД, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ дар назди бозори марказии шаҳр ва мағозаву дуконҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ-МУМИНЗОДА МАСТУРА ТАБАРӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

.

Ҳамдиёрони арҷманд!

Бо анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон фардо иди саиди фитр фаро мерасад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифи кишвари азизамон Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона шодбош мегӯям.