ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ВОБАСТА БА МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНӢ
23-юми январ, гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар ҳайати мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Холмуродова Алфия, мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Сангова Фариштамоҳ ва дигар фаъолон вобаста ба маданияти шаҳрнишинӣ бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳи гузарониданд.
Ҳамзамон гурӯҳи корӣ аз ҳар як сокини шаҳр даъват ба амал оварданд, ки дар ободу зебогардонии шаҳр, маданияти шаҳрнишинӣ, овезон накардани либос ва дигар ашёи рӯзгор аз айвонҳои хонаҳои баландошёна, пешкиги аз тарғиби либоси бегона (сатру ҳиҷоб), тарбияи дурусти ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ саҳми худро гузоранд. Инчунин назди биноҳои баландошёнаро тозаю озода нигоҳ доранд.