ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ҶИҲАТИ БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТ
Имрӯз 20-уми январ, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и шаҳри Леваканти ДБССТ, аз ҷониби гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот дар шаҳри Левакант ва фаъолон Семинар-машварати омӯзишӣ “Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилдони халқ” баргузор гардид.
Дар ин Семинар-машварати омӯзишӣ Зариф Ализода-роҳбари гурӯҳи корӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Одиназода Бекилхон-коршиноси КМИР, Сафарбекзода Ҳукмуддин-коршиноси КМИР, Қурбонзода Қурбоналӣ-раиси Комиссияи вилоятии интихобот, Меҳмондӯстзода Ҷумахон-мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Ашурзода А.-раиси ҳавзаи интихоботии Бохтар-26, муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби гурӯҳи корӣ гуфта шуд, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 “Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" 2-юми марти соли 2025 муқаррар гардидааст. Алакай дар кишвар маъракаи интихобот оғоз гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи хубу шаффоф гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ, мулоқот ва семинару вохӯриҳо гузаронида шуда истодаанд.
Масъулин вобаста ба рафти баргузор гаштани Интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилдони халқ, дар доираи қонуну қоида маълумот дода, иброз доштанд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ чун интихоботҳои қабли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу демократӣ хоҳад гузашт.