ЛЕВАКАНТ: МОДАРОНИ ШАРАФМАНД ҚАДРШИНОСӢ ШУДАНД

.

Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, модарони шарафманди шаҳри Левакант, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гаштанд.

 

Сармутахассиси бахши кор бо оилаи Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Хатлон-Наимзода Гулчеҳра, и.в. мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Левакант-Эшова Боғигул, раиси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд»-Саидқулов Манучеҳр туҳфаҳоро ба роҳбари Маркази дастгирии бонувони шаҳри Левакант-Зебо Баротова барои иштироки фаъолона дар тамоми чорабиниҳо, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба се модари шарафманди дигар барои тарбияи дурусти фарзанд ва сафарбар намудани фарзандон ба хизмати Модар-Ватан ва як зани дорои маъюбият тақдим намуда, ҳамчун занони фаъоли ҷомеа ба онҳо сипосгузорӣ намуданд.

Туҳфагузорию қадршиносӣ ба занони фаъол ва модарони шарафманд дар назди фарзандону ҳамсояҳо сурат гирифт, ки ин баҳри ҳарчи бештар бедор кардани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ замина мегузорад.