ЛЕВАКАНТ: НИҲОЛШИНОНӢ ДАР Ҷ/Д “ГУЛИСТОН”

.

15-уми январ, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант ва ҷамоати деҳоти “Гулистон” дар маъракаи нави ниҳолшинонӣ, дар шафати роҳи асосии ҷамоат як миқдор дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуд. Дар ин маъракаи кабудизоркунӣ муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, масъулини бахши кишоварзӣ ва ҷамоати деҳоти “Гулистон” иштиролк намуда, саҳми худро дар кабудизоркунии маҳал гузоштанд.

 

Боиси зикр аст, ки маъракаи кабудизоркунӣ дар шаҳри Левакант, ҷараён дошта, масъулин азм доранд, ки то охири мавсими ниҳолшинонӣ нақшаро иҷро намуда, дар ободонии маҳал саҳми назарраси худро гузоранд.