БИЗНЕС ИНКУБАТОР РОҲАНДОЗИ МЕШАВАД
Дар оғози Соли нави мелодии 2025, маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии "ЛКСК"-и шаҳри Леваканти ДБССТ, бо шарикони худ дар доираи лоиҳаи Бизнес инкубатор дар Тоҷикистон мехоҳад имкониятҳоро васеътар гардонида, лоиҳаи мазкурро амалӣ созад. Ба ин хотир бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни муассиса ва дигар хоҳишмандон Семинарҳои омӯзиширо ба роҳ мондаанд.
Дар рафти чунин як Семинар, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ иштирок намуда, ин таҷрибаро нишони пешрафти сокинони шаҳр донист. Ва ӯ барои пурра амали гаштани лоиҳа тавсияҳо дода, гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ дастгири хоҳад кард.
Боиси зикр аст, ки алакай замбуруғпарварию заргушпарвари оғоз гашта, дар доираи лоиҳаи Бизнес инкубатор дар Тоҷикистон қадамҳои аввал гузошта шудааст.