ЛЕВАКАНТ: ОМӮЗИШ ВА ФАҲМОНДАДИҲИИ ПАЁМ

.

31-уми январ, баҳри омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои МИҲД-и шаҳри Левакант, дар деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти “Гулистон” бо фаъолону сокинон вохӯрӣ баргузор гардтид.

 

Дар ин вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Шарифӣ Бобосафар Ҳамидзода, сардори ШВКД дар шаҳр-Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид, раиси ҷамоати деҳоти “Гулистон”-Вализода Суҳроб ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Шарифӣ Бобосафар Ҳамидзода вобаста ба якчанд нуктаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда афзуд, ки Паёми Президент албатта ҳама самтҳои рушди ҷомеа: сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, илм, тиб, фарҳанг, варзиш, саҳми қишрҳои алоҳида дар рушд, хусусан занону ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу суббот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи ҷаҳон, кишварҳои дигар ва хусусан мамлакатҳои ҳамсояро дар бар мегирад ва наметавон дар як вохӯрӣ ё баромад оид ба ҳамаи онҳо баёни назар кард. Аз ин лиҳоз Паёми Президент бояд барномаи кории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад.

Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид сардори ШВКД дар шаҳр, зимни баромади худ иброз дошт, ки ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ ва тамоми омилҳои номатлуб дар ҳар баромаду вохӯрӣ ва суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкидҳои махсус намуда, ба сохторҳои зиддахл дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд, ки баҳри пешгирии чунин омилҳои ба ҷомеа зараровару хатарнок чораҳои зарурӣ андешанд. Инчунин ӯ афзуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар навбати худ баҳри пешгирии ҷиноят ва дигар зуҳуроти номатлуб аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, саҳми худро дар амнияти ҷомеа мегузоранд.

Инчунин аз тарафи гурӯҳи корӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, пешгири аз ҷиноят, омилҳои номатлуб, терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, ободонию созандагӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълиму тарбияи дурусти фарзанд аз ҷониби падару модар ва аҳли ҷомеа саволу ҷавоб ва муҳокимарониҳо сурат гирифт.