ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

.

Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, ба хотири рушди варзиш, ҷалби ҷавонон баварзиш ва пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷиноят мусобиқаҳои гуногуни варзиширо ба роҳ мондааст, ки ҳамарӯза дастпарварони Муассиса дар ин мусобиқаҳо фаъолона иштирок намуда, қуввасанҷи мекунанд.

Чунин як мусобиқаи дӯстона аз намуди карате ВТФ байни наврасону ҷавонон баргузор шуда, ғолибон аз ҷони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр қадршиноси шуданд.

 

Дар ин бора директори МДМВ-Ҷаҳонгири Бобоҷон хабар дода афзуд, ки дар оянда низ мусобиқаҳоро бештар намуда, ҷавонону наврасонро барои руҳану ҷисман обутоб ёфтан ба варзиш ҷалб месозанд.