ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР КӮЧАИ БОРБАД

.

30-юми январ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Эшова Боғигул, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр-Акрамова Суман тибқи нақшаи муштараки корӣ бо сокинони кӯчаи Борбади шаҳр, вохӯрӣ намуда корҳои таблиғотӣ гузарониданд.

 

Дар ин вохӯрӣ аз тарафи Эшова Боғигул масъалаҳои маданияти шаҳрнишинӣ, пешгири аз омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, ҷиноятҳои гуногун, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб) зиёдаравӣ, таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ба миён гузошта шуд.

Инчунин директори МТТҲС-Акрамова Суман вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятиву мавсимӣ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки дар сурати пайдо шудани нишонаҳои бемориҳои сироятӣ бояд ҳатман ба табибон муроҷиат намуд, худмуолиҷакунӣ бемориро вазнинтар мегардонад гуфт ӯ ва иброз дошт, ки гирифтани ваксина манфиати хуб дораду инсонро аз ҳар гуна бемориҳо пешгири менамояд. Ҳамзамон ӯ аз сокинон даъват ба амал овард, ки атфоли худро саривақт аз ваксинатсия гузаронанду саломатии ояндаи онҳоро ҳифз намоянд.