ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ НАҚШАВИИ МАСЪУЛИН БО СОКИНОН

.

30-юми январ, ҷиҳати омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии мавзуҳои доғи рӯз, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, бо сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, сардори ШВКД дар шаҳри Левакант-Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид, раиси ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-Султонов Фарух, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло ва дигар фаъолон иштирок ва баромад намуданд.

Шоҳиён Саъдулло муовини раиси шаҳр, иброз дошт, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, мисли паёмҳои солҳои пешин, дорои арзишҳо ва аҳамиятҳои хос буда, муҳим арзёбӣ мешавад. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас муайян мегардад. Илова бар ин, Паём омили муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ буда, сирату сурат ва самтшиносии Президенти кишвар дар назди халқу намояндагони парлумон чун роҳбари мардумӣ ироа шуда, раванду рӯйдоди муҳими давлатию сиёсиро аз диду мадиди гуногун мавриди муҳокимаву машварат қарор медиҳад. Зимнан, бояд гуфт, ки паёмҳо дорои ду нуктаи муҳим - яке ҳисоботдиҳанда ва дигаре риояи қонуну низоми меъёрҳои демократӣ ва идорӣ мебошанд.

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ вобаста ба пешгирии ҷиноят, терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан ибрози назар шуда, дар ин самт аҳли ҷомеаро ба ҳамкорию ҳамоҳангӣ даъват намуданд.

Ҳамзамон муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакан дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои шаҳрӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳоро андешида, фаъолият мебаранд. Инчунин ӯ афзуд, ки мо бояд аз Паёми Президент ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дарс гирифта, баҳри ободии халқу Ватан ва мардуми сайёра саҳми сазовор гузорем.

Ҳамзамон сокинони маҳал, вобаста ба якчанд масъала бо масъулин саволу ҷавоб намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.