ЛЕВАКАНТ: ИНТИХОБОТ-БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН!
28-уми феврал, бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, вохӯрӣ ва муаррифии номзади пешбаришуда аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, аз ҳавзаи интихоботии Левакант №9, Саидзода Саидмаҳмуд дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ бо сокинони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» баргузор гардид.
Шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии Саидзода Саидмаҳмуд аз ҷониби шахсони боваринокаш муарифӣ карда шуд.
Номзади пешбаригардида дар назди халқ баромад намуда, ҷиҳати саҳмгузории худ доир ба пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон ибрози назар намуда, дар назди мардум ваъда дод, ки дар ободонии маҳал ва некуаҳволии сокинон ҳиссаи худро мегузоранд.
Инчунин ба иштирокдорони чорабинӣ иттиловарақаҳои таблиғотии пешазинтихоботӣ тақсим карда шуд.




