ЛЕВАКАНТ: ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» ҶАМЪБАСТ ШУД

.

25-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст шуд. Дар он бонувони ҳунарманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуда, ҷойи аввалро бонувони бахши маорифи шаҳр, ҷойи дуюмро беморхонаи марказии шаҳри Левакант ва ҷойи сеюмро СНОБ «Вахш» дар шаҳри Левакант, Муассисаҳои КАТС ва ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ишғол намуда, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

Дар озмун муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, мудири бахши САҲШ-и шаҳр ва дигар масъулин иштироку баҳогузорӣ намуданд.

Озмун бо мақсади ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ гузаронида шуд.

Дар даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла дар пухтани якчанд навъ таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ аз рӯйи номинатсияҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» аз се давр иборат буда, даври аввали он дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир мешавад ва беҳтаринҳо дар даврҳои минбаъда иштирок намуда, ҳунари кадбонуии худро намоиш медиҳанд.