АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭТИМОДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
22-юми феврал, дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ ҳамоиши фарҳангӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ-сипари боэътимоди давлату миллат» баргузор гардид.
Дар чорабинии раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Зоирзода Исломбек, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон-Ширинзода М., раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, намояндагони Иттиҳоди ветеранҳои ҷанговарони интернатсионалисти собиқадори шаҳри Левакант ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкада иштирок доштанд.
Нахуст ҳамоиш дар саҳни Донишкада оғоз гардида, донишҷӯёни донишкада, ки дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил менамоянд оид ба тактикаи ҳарбӣ ва машқҳои низомӣ намоиш омода намуда, ба меҳмонон пешкаш намуданд.
Сипас дар толори фарҳангии Донишкада ҳамоиши тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии ректори Донишкада-Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад оғоз ёфт. Зимни суханронӣ нахуст ба Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсис ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи ватани азизамон арзи сипос баён намуд. Ҳамзамон, ӯ ҳозирин, афсарону сарбозони мамлакатро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик намуда, Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳро рамзи далериву шуҷоат ва ифтихори миллӣ арзёбӣ кард.
Дар идомаи ҳамоиш раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ҳозиринро ба рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфта, қайд намуданд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беназир мебошад. Зимни суханронӣ иброз намуданд, ки бо ҳидоят ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Қувваҳои Мусаллаҳ ба як сохтори боэътимоди ҳифзи амнияти давлатӣ ва суботи миллӣ табдил ёфта, дар ҳифзи оромӣ, сулҳу субот ва таъмини рушди давлат нақши калидӣ доранд. Меҳнати пуршарафи афсарону сарбозон, ки бо садоқату масъулияти баланд дар ҳифзи марзу буми Ватан саҳм мегузоранд, шоистаи арҷгузорӣ мебошад.
Сипас муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон-Зоирзода Исломбек Сангак аз номи Раёсати Донишгоҳ ҳозиринро табрик намуда, бо ифтихор иброз доштанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллии Тоҷикистон дар даврае таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ, сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд, гарчанде барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шуруъ шуд. Инчунин иброз доштанд, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан дастгирии Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва донишкадаҳои он кафедраи ҳарбӣ таъсис дода шудааст. Ҳадафи он тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос ва ватандӯст барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Барномаҳои таълимии кафедра бо дарназардошти талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ таҳия гардида, ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва омодагӣ ба хизмат равона шудаанд.
раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилояти Хатлон Ширинзода М. ва муовини Комиссари ҳарбии шаҳри Левакант Бойзода С. оид ба Рӯзи Артиши миллӣ ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба ин ҷашн табрик намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ бахши фарҳангии Донишкада бо барномаи консертӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд. Ҳамзамон, як қатор кормандон ва фаъолон ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Аксҳо аз раванди чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ пешниҳод мегардад.




