ЛЕВАКАНТ: ОЗМУНИ «ВАТАНПАРВАР» БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШ
18-уми феврал, бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Артиши миллӣ, тибқи нақша-чорабинии якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши маориф, Комиссариати ҳарбии шаҳр ва КШ ТҶММ дар шаҳри Левакант, Озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи хеле хуб гузаронида шуд.
Озмуни мазкур бо шартҳои «Саф оростан», «расми беҳтарин дар мавзуи Артиши миллӣ», «гузашти низомии дастаҳо аз назди минбар», «дастхобонӣ», «бандкашӣ» ва «гилбардорӣ» пешкаш гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда, қуввасанҷи карданд. Ниҳоят ҷойи аввал ва Ҷоми мусобиқа барои ғолибият бо бартарияти бештар ба хонандагони МТМУ №1-и шаҳр дода шуд.
Инчунин ҳамаи дастаҳо барои иштироки фаъол бо Сипосномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони гаштанд.
Боиси зикр аст, ки чунин мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, ҷиҳати бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати Модар-Ватан дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.