ЛЕВАКАНТ: ДИДОРБИНИИ МОДАРОН АЗ САРБОЗОН

.

18-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Артиши миллӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Эшова Боғигул, масъулини Комиссариати шаҳри Левакант ва як гурӯҳ занону бонувон афсарону сарбозони Қисми низомии №07256-и Коминдатураи ҳарбии гарнизони Хатлонро аёдат намуданд.

 

Дар ин дидорбинию аёдат занону бонувони шаҳр, бо меҳру муҳаббат ба сарбозони шуҷои Ватан, нону ширинӣ ҳамчун савғо бурда, бо онҳо суҳбат ороста аз рафти хизмат ва шароити зисту зиндагии сарбозон ошно гардиданд.

Ҳамзамон аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, баҳри ғизои маънавӣ бахшида ба сарбозон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси раиси вилояти Хатлон, нисбати эълон гардидани соли 2025, ҳамчун «Соли маърифати китобхонӣ» як миқдор китобу адабиёти тозанашр ба афсарону сарбозон тақдим гардид.

Инчунин сарбозон ин ташаббуси занону бонувони шаҳри Левакантро хеле хуш пазируфта, дар васфи Ватану Модар сурудхонӣ намуда, миннатдорӣ карданд.

Бояд гуфт, ки Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад. Тайи 32-соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такамул меёбанд.