24-уми феврал, яке аз собиқадорони меҳнат-Юлдошов Акрам, ки дар бистари беморӣ (маъюбӣ) қарор дорад, аз ҷониби раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода ва дигар масъулин аёдат шуд. Инчунин ӯ бо кумакпулии яквақтаина аз тарафи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия таъмин гардид.
Аз ин дидорбинию аёдати масъулин собиқадори меҳнат Юлдошов Акрам изҳори сипосу қаноатмандӣ намуд.