СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ-МУМИНЗОДА МАСТУРА ТАБАРӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамдиёрони арҷманд!
Бо анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон фардо иди саиди фитр фаро мерасад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифи кишвари азизамон Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона шодбош мегӯям.
Ҳамватанони азиз!
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон дар баробари рӯзадорӣ барои анҷоми кори хайру савоб, гирифтани дасти ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд ҷаҳду талош намуда, корҳои хайру савобро анҷом медиҳанд, ки ин яке аз фазилатҳои муҳими инсодӯстию саховатмандӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки моҳи шарифи Рамазон натанҳо моҳи рӯзадорӣ ва тоату ибодат аст, балки моҳи бахшиши гуноҳҳо, моҳи хайру сахо, моҳи пур аз фалсафаи дини мубини ислом аст, ки бори дигар мардумро водор месозад, ки барои амали хуб ва некию накукорӣ талош варзад.
Мавриди зикр аст, ки арзишҳои динӣ ҳамчун як ҷузъи муҳимми фарҳанги миллӣ барои таҳкими сулҳу субот ва осоишу оромии ҷомеа нақши муҳим доранд.
Ба иттиҳоду сарҷамъӣ, шукргузорӣ ва анҷом додани амалҳои хайр даъвату ҳидоят кардани мардум яке аз фазилатҳои иди сайиди Фитр мебошад.
Иди саиди Фитр на танҳо поёни моҳи шарифи Рамазон, балки дарбаргирандаи ҳикматҳои баланди ахлоқӣ ва инсондӯстии дини мубини ислом ба ҳисоб меравад.
Фазилати дигари иди саиди Фитр аз он иборат аст, ки мардум бо дуову фотиҳа рӯҳи гузаштагони худро шод мегардонанд, аз ҳоли якдигар огоҳ мешаванд, ҳамдигарро ба роҳи рост ва эҳсонкорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон ва камбизоатҳову ниёзмандон роҳнамоӣ мекунанд.
Яке аз бузургтарин ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр расидан ба қадри неъматҳо мебошад.
Бинобар ин, мо бояд хуб дарк намоем ва дар хотир дошта бошем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асоси ҳаёти орому осудаи ҳар як оила, ҳар як фарди ҷомеа ва шарти муҳимтарини рушду пешрафти кишвар мебошад.
Яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ гаронбаҳотарин неъмати зиндагии мо ба ҳисоб меравад.
Бори дигар, ҳамаи шумо–ҳамватанони гиромиро бо фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд ва дили шоду хонаи ободро орзу менамоям.
