ЛЕВАКАНТ: ТАНЗИМИ НАРХУ НАВО ВА ПЕШГИРИИ САВДОИ КӮЧАГӢ
Имрӯз 29-уми март, фардо бошад иди саиди Фитр, баҳри мутадил нигоҳ доштани нарху навоми маҳсулоти ғизоӣ ва пешгири аз савдои кӯчагӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, масъулини ШВКД, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ дар назди бозори марказии шаҳр ва мағозаву дуконҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Танзими нарху наво, таркиби маҳсулоти ғизоӣ, риояи талаботҳои санитарӣ ва дигар қоидаҳои шаҳрдорӣ аз масъалаҳои муҳими корҳои таблиғотӣ буда, масъулин бо соҳибкорону хизматрасонҳо дар ин самт корбари карданд.
Бояд гуфт, ки ҳамеша дар иду ҷашнҳо нарху навои маҳсулоти ғизоӣ боло рафта, савдои кӯчагӣ авҷ мегирад. Ҷиҳати пеши роҳи чунин ҳолатро гирифтан масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант саривақт чораандеши мекунанд.




