ЛЕВАКАНТ: ПЕШГИРИ АЗ ЗАРАРИ МАЛАХ

.

Яке аз хатарҳои хоҷагии қишлоқ, тайи солҳои охир ин яку якбора зиёд гаштани малах мебошад, ки ба соҳаи кишоварзи мушкилии зиёд меорад.

Раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин барои пешгирии ин ҳолат аз ҷойҳое, ки ҳамасола дар он ҷойҳо малах тухм мегузораду зиёд мешавад дидан намуданд.

 

Муминзода Мастура Табарӣ ба масъулин таъкиди махсус намуданд, ки мавзеҳои тухмгузории малах пайвата безарар гардонида шуда, пеши роҳи ин ҳашароти зараровар гирифта шавад.

Бояд гуфт, ки барои несту нобуд кардани малах ва безараргардонии заминҳои кишти аҳолӣ алакай аз тарафи масъулини соҳаи кишоварзии шаҳри Левакант ва дигар сохторҳои зиддахл корҳои безараргардони ҷараён дошта, масъулин кушиш менамоянд, ки соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ аз малах зарар набинанд.