ЛЕВАКАНТ: САЙЁҲАТИ НАВРӮЗӢ

.

Маъмурият ва кормандони Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант, бо ифтихор ва ҳисси баланди миллӣ дар доираи тантанаҳои Наврӯзӣ, бо ба бар намудани либосҳои миллӣ дар маконҳои таърихӣ ва тамошобоби шаҳрҳои Бохтару Левакант сайёҳати Наврӯзӣ карданд.

Боиси зикр аст, ки дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад.

 

Мо бояд ин ойину арзишҳоро ҳамарӯза риоя намоем, муҳити зист, яъне кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳали зист ва шаҳри худро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем ва сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам сарсабзу хуррам ва дилкашу хушнамо гардонем, чунки ин корҳо нишондиҳанда ва баёнгари тамаддуни деринаи мо ҳамчун миллати ободгару созанда мебошанд.