ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР “ЛКСК”-И ДБССТ
19-уми март, дар Муассисаи давлатии таълимии “ЛКСК”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, чорабинии идонаи Наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, директори Муассиса Сафарзода Умедҷон, собиқадори меҳнат Мастов Абдулҳаким ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Меҳмонони чорабинӣ қабл аз оғоз аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, тарзи таҳия ва омода намудани таомҳои миллӣ ва намоиши варзишии таълимгирандагони Муассиса дидан намуданд.
Суфраҳои ҳафтсину ҳафтшин, сунату оинҳои наврӯзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунару истеъдод ва тамоми дастоварди донишҷӯёну устодон манзури меҳмонон ва иштирокчиён гардонида шуд, ки ҳар кадоме чорабиниро ҷилои хосса мебахшид.
Сипас роҳбарияти Муассиса ва дигар масъулин тамоми иштирокдоронро ба ҷшни бузурги миллӣ Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, барояшон тансиҳати ва рӯзгори осударо орзу карданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабини бошад, аз ҷониби донишҷӯён барномаи идонаи фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои ориёӣ, бахусус мардумони форсизабонон ин ҷашни Наврӯз аст. Бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Озарбайҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 19 феврали соли 2010 – ум қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он, 21 – уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз - ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихӣ Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннати фарҳанги маънавӣ барои миллати тоҷик фахри бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъанаҳои бостонии ҷашни Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамеша расму оинҳои миллии қадимаи аҷдодиамонро ҳамеша нигоҳдор бошанд. Тамоми оинҳои Наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонад наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намояд.