Бо риояи қонуни танзим метавон пеши роҳи хурофотро гирифт!
Дар замони соҳибистиқлолии давлати азизамон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин қонунҳои миллӣ ба тасвиб расиданд, ки дар беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши муҳим гузошта истодаанд.
Дар робита ба ин, яке аз иқдоми муҳими роҳбарияти Олии кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву иҷтимоии он мусоидат намуд, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Тайи 17 соли охир қонуни мазкур қабул ва роҳандозӣ гардида, ба дуруст сафарбар кардани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд ва мардум ба дарки он расиданд, ки саховатмандӣ ва анҷоми корҳои неку созанда ба манфиати ҷомеа мебошад.
Қонуни мазкур тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
Чи тавре ки мо медонем, солҳои пеш аз қабули ин қонун мардуми мо дар баргузории ҷашну маросимҳои худ харҷу сарфи маблағҳои зиёд, куштани зиёди чорво роҳ медоданд, ки ҳамаи ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, боиси мушкилӣ ва камбизоат гаштани аксарияти мардум мегардид.
Аз ин рӯ, Президенти кишвари азизамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчӣ зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷотҳои сахту сохта, чунон ки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст.
Хушбахтона, бо ҷаҳду талошҳо, ҳиммату ғамхории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мардуми кишвар, назарсанҷию таҳлил ва омӯзиши амиқ, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 июни соли 2007 санади муҳими таърихӣ - Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд.
Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки “Қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад.
Қонуни мазкур бо такя ба аҳкоми шариат, маслиҳат ва машварати уламои маъруфи кишвар қабул шуда, ходимони дин бояд дар татбиқи он баробари мақомоти давлатӣ саҳм гузоранд.”
Ин қонун ҳамчун нахустин қонуни миллии кишвар ҷиҳати ҳимояи пешравиҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон мусоидат намуд. Он баҳри паст кардани барномаи сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат имкониятҳои зиёде фароҳам овард. Маврид ба ёдоварист, ки Қонун барои кулли мардуми кишвар хушҳолӣ, хушбахтӣ ва пирӯзӣ оварда, ба рӯзгори ҳар нафар файзу баракат ва саодатмандӣ ато намуд. Муҳимтарин дастоварди ин қонун, пеш аз ҳама, хотима гузоштан ба баргузории баъзе аз маъракаву маросиме буд, ки аз рӯи боварҳои хурофотии мардум баргузор мегардиданд. Сарвари давлат низ дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буданд:
«Қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезаданд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасид».
Борҳо ба мушоҳида расидааст, ки бисёре аз мардум ба хотири ба истилоҳ “нангу номус” ва “зери маломат намондан” қарз гирифта, маъракаҳои миёншикан барпо мекарданд, ки ин амал ба шариати Ислом низ носозгор аст.
Баръакс, мазмуну муҳтавои Қонуни мазкур баёнгари ин аст, ки мо бояд ба қадри неъматҳо ва дастовардҳои даврони истиқлол бирасем, аз имкониятҳои молиявии худ сарфакорона ва хирадмандона истифода намоем. Чунки камхарҷу сарфакорона гузаронидани тӯйу маъракаҳо омили баланд шудани сатҳи зиндагии мо мегардад. Ва калиди боигарии ҳар фарди ҷомеа ҳам маҳз сарфаву сариштакорист.
Албатта, имрӯз зиндагӣ мувофиқи худ пешрафт кардааст. Инро мо ҳам тасдиқ мекунем, ки соҳибони тӯй солҳои сол ба дил орзую таманно мекарданд, ки то мардумро бо ҳама гуна анвои хӯрданию нӯшиданӣ зиёфат кунанд. Аммо ҳудудро риоя бояд кард.
Мудири бахши дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант
Хидирзода Маҳмад Маҳмадалӣ
