ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ 1-УМ, ДАЪВАТИ 4-УМИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ “САРБАНД” ВА ИНТИХОБИ КАДРҲОИ ЛАЁҚАТМАНД БА МАНСАБҲОИ НАВ
Имрӯз 18-уми март, бо иштироки муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, вакилинони шаҳрӣ ва ҷамоат дар толори маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, иҷлосияи якум даъвати 4-уми Маҷлиси вакилони ҷамоти шаҳраки “Сарбанд” баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи Комиссияи интихоботӣ оид ба вакилони ҷамоати шаҳрак шунида шуд.
Дар мувофиқа бо раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, вакили тозаинтихоби шаҳрӣ Султонов Фарух раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” интихоб гардид.
Инчунин дар кори иҷлосия котиб ва муовинони раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” пешбарӣ ва интихоб карда шуданд.
Намояндаи Мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло ҳайати нави ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-ро барои таъин гаштанашон ба мансабҳои нави хизматӣ табрик намуда, барояшон барори кор хост. Инчунин ӯ тамоми иштирокдоронро ба ҷашни бузурги миллӣ Наврӯзи аҷам табрик намуд.

