ЛЕВАКАНТ: «ЗАН-ГАНҶИ БЕБАҲОСТ»

.

Таҳти чунин унвон, 13-уми март, дар оғози фасли баҳор бахшида ба Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» дар ҳамоҳанги бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, барои занону бонувони шаҳри Левакант чорабинии махсус гузаронида шуд.

 

Дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» Фарангис Маҳмудова, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Корвони Умед» Салимова Ганҷина, Хуҷаниёзова Дилофарид, Кенҷаева Нодира, намояндаи Маркази миллии солимии репродуктивии шаҳри Душанбе-Шарипова Шарбону ва занону бонувони фаъоли шаҳри Левакант иштирок намуданд.

Чорабини бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло оғоз гардид.

Пас аз баромади масъулини чорабинӣ байни занҳо барои баланд бардоштани худбаҳодиҳии зан, кори гурӯҳи оид ба вазъи зиндагии оилаҳо, дар маҷмуъ вобаста ба баробарии гендерӣ, ҳуқуқҳои зану мард дар оила, пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, пешгирии хушунати хонаводагӣ, таваҷҷуҳ ба вазъи саломатии занон машғулият, виктарина ва саволу ҷавобҳо сурат гирифт.

Дар охири чорабинӣ ҳамоҳангсози барномаи Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт»-Фирӯза Ҷобирова аз ташкил, баргузорӣ ва иштироки фаъолонаи занону бонувон изҳои сипос намуд. Ӯ гуфт танҳо бо чунин васила мо метавонем, ки ҳуқуқҳои занонро дар ҷомеа ҳифз карда, баробарии гендериро таъмин намоем.

Дар анҷом аз тарафи мутасаддиёни чорабинӣ барои иштироки фаъол ба ҳамаи иштирокдорон туҳфаҳо тақдим карда шуд.