ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ АЗ ПОЙГОҲИ ОБКАШ ДИДАН НАМУД
Таъмини оби ошомиданӣ ва полезӣ дар минтақаҳои камоб яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад, ки дар ин самт масъулини шаҳри Левакант диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
13-уми март, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ намояндаи хоҷагии оби вилояти Хатлон ва дигар масъулин аз пойгоҳи насосҳои обкаши деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуданд. Муминзода Мастура Табарӣ аз масъулини соҳа талаб намуд, ки дар айёми кишту кори баҳорӣ аҳолӣ ва хоҷагидоронро бо об таъмин намуда, барои обёрии заминҳо диқати махсус диҳанд. Зеро ҷамоати деҳоти «Гулистон» аз ҷамоатҳои калонтарини шаҳр буда, сокинон бештар ба кишоварзи машғуланд. Дар сурати норасогии об, мумкин аст, ки дар соҳаи кишоварзӣ камбудиҳо ба миён биояд.
Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир пойгоҳи обтаъминкунӣ фаъолияти хуб дошта, насосҳои обкаш таъмир гашта, дар ҳолати корӣ мебошанд. Дар оянда низ масъулини соҳа тасмим доранд, ки хоҷагидорон ва аҳолии маҳал аз оби полезию ошомидани танқиси надошта бошанд.