ЛЕВАКАНТ: ПРОКУРАТУРА ҲОМИИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ ХАЛҚ

.

Раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи касбии кормандони прокуратура ба табрики роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳри Левакант рафтанд.

Шаҳрдорӣ Муминзода Мастура Табарӣ прокурори шаҳр-Зоирзода Қомилҷон ва кормандони ин ниҳодро бахшида ба Рӯзи касбии кормандони прокуратура табрик ва туҳфагузорӣ намуда, иброз дошт, ки прокуратура ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои давлату ҷомеа буда, адолати ҷомеаро таъмин менамояд. Аз ин хотир дар тартиботи ҷамъиятӣ, риояи қонуну қарор, таъмини ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрванд, пешгири аз қонуншиканӣ, пешгири аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб прокуратура нақши калидӣ мебозад.

 

Боиси зикр аст, ки прокуратураи шаҳри Левакант дар пешгирии тамоми ҳуқуқвайронкунию қонуншиканӣ саҳми арзанда гузошта, фаъолияти пурсамар дорад.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, прокуратураи шаҳр, аз таъмири капитьалӣ бароварда шуда, барои роҳбарият ва кормандони ин ниҳод шароити хуби корӣ таъмин гардидааст. Ҳамзамон шаҳрдорӣ ва дигар масъулин аз сатҳу сифати таъмир ва шароити кории кормандони прокуратураи шаҳр дидан намуданд.