ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ РӮЗИ МОДАР
7-уми март, бахшида ба Рӯзи Модар аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ то баргузории чорабинии тантанавию туҳфагузориҳо шаҳри Левакант шукӯҳи идона дошт.
Дар саҳни Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, гулдухтарони муассисаҳои томактабии шаҳр бо рақсу бозӣ меҳмонони чорабиниро истиқбол гирифтанд.
Раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, аввалин генералзани тоҷик Саодат Амиршоева ва дигар масъулин қабл аз оғози чорабинӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунари дасти бонувону ҳунармандон дидан намуданд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ Муминзода Мастура Табарӣ тамоми занону бонувонро бахшида ба «Рӯзи Модар» ва оғози баҳор табрик намуда, иброз дошт, ки зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат, самимият ба зиндагӣ бофта шуда, мароми ӯ дар ҳаёт пояндагии ваҳдату оромӣ, сарбаландию саломатии фарзандон аст.
Басо рамзист, ки ҳамасола бо омадани баҳор, бедоршавии табиат ва шукуфтани гулҳо “Рӯзи модар” истиқбол карда мешавад. Ҷашни модарон бо баҳор тавъам буда, зебоию назокат, муҳаббату самимият ва оғози зиндагӣ аз каломи модар ибтидо мегирад.
Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсӯзиву ғамхории бедареғи занон ва хоҳарону духтарон арҷи шоиставу сазовор гузоранд.
Сипас дар ҳамин фазои тантанавӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, як қатор занони собиқадор ва бонувони фаъол, барои фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои мухталиф, таълиму тарбияи дурусти фарзанд, иштирок дар тамоми чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ ва фарҳангӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов ва Ташриф Халилов бо ҳунарнамоӣ ва луфи латиф табъи иштирокдоронро болида гардониданд. Ҳамзамон ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ва вилояти Хатлон бо суруду таронаҳои дилнишинашон ба занону бонувон ва аҳли толор фароғату хушҳолӣ бахшиданд.