ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

.

Бахшида ба Рӯзи Модар, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, мудири бахши маориф Раҳимов Файзулло ба аёдати омӯзгори собиқадори русзабон, Степанова Жанна Анатолеевна рафта, бо туҳфаҳо ӯро қадрдонӣ карданд.

 

Боиси зикр аст, ки Степанова Жанна Анатолеевна тамоми фаъолияти омӯзгории худро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳр гузаронидаасту ба шогирдон забон омухтааст. Ӯ ки имрӯзҳо аз ҳисоби синусолӣ дар бистари беморист, масъулини Мақомоти иҷроия, беморхонаи марказии шаҳр, роҳбарият ва омӯзгорони МТМУ №2 ва шогирдонаш зуд-зуд аз ҳолу аҳволаш бохабар мешаванду ба ӯ ҳамчун устод эҳтиром мегузоранд.