ЛЕВАКАНТ: КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ДОИРАИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ

.

Ҳамасола санаи 7-уми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад. Бо ин муносибат 5-уми апрел, табибони Беморхонаи марказии шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба аҳолӣ хизматрасонии ройгон гузарониданд. Дар ин рӯз аҳолӣ тавонистанд аз машварату муоина ва ташхиси ройгони мутахассисони соҳаи тиб бархурдор гарданд.

 

Тавре директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим-Акрамова Суман иброз дошт, дар доираи чорабинии мазкур ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ гузарониданд.

Ҳамзамон аз тарафи Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО-и шаҳр, ба аҳолӣ маводҳои таблиғотӣ ва пешгирикунанда тақсим карда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки аз соли 1950 7-уми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад.

Малоҳат Сафарова