Шанбегӣ баҳри омодагӣ ба ҷашни Ваҳдат

.

Санаи 23-юми июни соли ҷорӣ баҳри омодагӣ ба дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ таҷлил намудани 21-солагии рӯзи Истиқрори Сулҳу Ваҳдат ва ризоияти  миллии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар сартосари кишвар рӯзи 27-уми июн ҷашн гирифта мешавад, маъракаи шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.

Дар ин рӯз кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳр ба ҳашар баромада, канорҳои росту чапи шоҳроҳи Левакант-Бохтарро аз хору хас ва партовҳо тоза карда, гулу дарахтони канори роҳро шодоб намуданд.