ТӮЙЕ, КИ БА МОТАМ ТАБДИЛ ЁФТ (Қайдҳо дар бораи конфронси ТТЭ наҳзати ислом дар Дортмунд)

.

Аз сулҳ нагӯед дигар, ҷониби ҷангед,

Паймони шумо зоеъаи қоғазу ранг аст.

Ҳам матлабу ҳам мазҳабатон курсиву ҷоҳ аст,

Бандед даҳанҳо, ба худо мояи нанг аст.

Фаридун Раҳнавард.

 Кӯшиши сеюми Муҳиддин Кабирӣ барои созмон додани ҳадди ақалл Иттиҳоди қалбакии неруҳои мухолифини Тоҷикистон низ ба таври олӣ ноком шуд. Расо як сол қабл, пас аз он ки Кабирӣ дар Аврупо мустақар шуд, кӯшиши зиёд кард, ки дар ин шаҳри Германия Иттиҳод ташкил намояд. Намояндагони Кабирӣ аз роҳбарони Созмони неруҳои созандаи Тоҷикистон, Ҳаракати Ватандор ва Гурӯҳи 24 қотеона хоҳиш мекарданд, ки дар Форуми баргузорнамудаи ӯ иштирок намоянд. Атовуллоев таклифи онҳоро нодида гирифт, бачаҳо аз Гурӯҳи 24 баъд аз иштирок дар Форум, ки ба саҳнасозӣ ва таърифу тавсифи Кабирӣ табдил ёфт, сареъ изҳор доштанд: «Пас аз ин мо бо Ҳизби наҳзат ҳеҷ гуна равобит нахоҳем дошт!» Ин дар ҳолест, ки одамони Кабирӣ ба онҳо кӯҳи тиллоӣ ваъда карда буданд: «Бо мо ҳамроҳ шавед, таги пул мемонед!» Дар ҳақиқат дар масъалаи пул Кабирӣ ҳеҷ мушкиле надорад. Эрон фаъолияти ӯро валинеъматона маблағгузорӣ мекунад.

Он вақт кӯшиши ташкили Иттиҳод ба нокомӣ дучор шуд. (Шарҳи муфассал дар ин бора, дар саҳифаи фейсбуки ман, 4 сентябри соли 2017)

Сентябри соли 2017 Кабирӣ маротибаи дуюм кӯшиш кард, ки дар Варшава Иттиҳод ташкил кунад ва барои ин ду баҳона дошт - чорабинии яке аз сохторҳои САҲА (БДИПЧ) ва солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон. (Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур, ки дар он Кабирӣ баромад дошт, аз ҷониби таблиғгарони дурӯғини ӯ ҳамчун нишасти САҲА баён карда шуд). Ба ҳамаи чеҳраҳои саршиноси тоҷик дар Аврупо ва Россия боз даъватнома фиристода, ваъда карданд – биёед, ҳамаи харҷ ба зиммаи мост. Онҳое ба ин дом афтоданд, ки аз ҳисоби дигарон сайр карданро дӯст медоранд. Атовуллоев ин дафъа ба даъват зуд ва дар шакли дағал посух гардонид – бо шумо будан шармандагист! Ҷавонон аз Гурӯҳи 24 ҳам ҳамин гуна посух доданд.

Он вақт дар Варшава ҳуш аз сари Кабирӣ парид ва ба ҷонибдоронаш изҳор дошт, ки шояд ба истеъфо равад. Ба гуфтан гуфт, аммо агар хоҳиши

зиёд ҳам дошта бошад, ӯ наметавонад тиҷорати дар асоси сиёсат бунёдкардаашро канор гузорад. Зеро дасту пойи ӯ аз ҷониби хадамоти махсуси эронӣ баста аст – пули зиёдро ба ҳаво бод медиҳанд, аммо натиҷа куҷост? Иттиҳод куҷост? Дар ҳолати яъсу навмедӣ ӯ иттиҳодияҳои қалбакии Озодандешон, Ислоҳотхоҳон ва Дастгирии муҳоҷирони меҳнатиро ташкил намуд.

- Инҳо фарзандони ҳаромии Ҳизби наҳзат ва Кабирӣ ҳастанд,-чунин гуфт як нафаре, ки аз ин ҳама бозиҳо огоҳ буда, бо шахсони атрофи ӯ наздикӣ дорад.- Тоҷиконе, ки дар Аврупо байни муҳоҷирони тоҷик обрӯву эътибор доранд ё намехоҳанд ба сиёсат сару кор гиранд, ё хоҳиш надоранд, ки бо Кабирӣ ҳамкорӣ дошта бошанд. Ва ин созмонҳое, ки расман ташкил шудаанд, дар ниҳоят барои ташкили Иттиҳоди зикргардида аст.

Аммо бо роҳбарони дурӯғин ин созмонҳо боз ҳам ноком хоҳанд шуд. Барои мисол, Шарофиддин Гадоев. Шарофиддин, ки собиқ ронандаи Умаралӣ Қувватов буда, бесавод аст ва на забони русиву на тоҷикиро медонад, барои Кабирӣ сарбории зиёдатӣ аст. Ба матлабҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, аз номи ӯ нафари дигар шарҳ менависад. Мусоҳибаи ӯро нафари дигар омода мекунад. Ва ин нафар на танҳо савол омода мекунад, ҳатто посухҳоро низ худаш эҷод менамояд. Баъзан Шарофиддин бесаводии худро ба намоиш гузошта, бо забони шикаста менависад: «Акам мада тилфон кад. Гуфт шерои нар ма бо шумоюм. Биёен чигарша меканем, шашликш мэкнем!» Ин гуна шарҳро ӯ пас аз мутолиаи мусоҳибаи Абдулмаҷид Достиев дар сомонаи «Озодӣ» навист.

Ва ана ҳамин Шарофиддин – ислоҳотхоҳ аст! На танҳо ислоҳотхоҳ, балки сардори ҳамаи ислоҳотхоҳон дар созмони дурӯғинашон аст! Тавре Додоҷон Атовуллоев истеҳзоомез иброз медорад, Шарофиддин – оянда ислоҳотхоҳ, наметавонад барои худ муайян созад, ки калимаи рушд чӣ маънӣ дорад – ҳасиб ё ҳасибча? Акнун тасаввур намоед Шарофиддин ва Исфандиёри Назар, ки маълумоти олӣ дорад, шоири бомаҳорат ва публисист асту барои ташриф ба Дортмунд даъват шуда буд – ҳаммаслаканд! Исфандиёр! Узр мехоҳам, агар Шуморо таҳқир карда бошам!

Чанде пеш ба ман дӯстон барномаи конфронс ва рӯйхати иштирокчиёни онро фиристоданд. Дар ин рӯйхат номи Ҳафиз Бобоёров ва Додоҷон Атовуллоевро дида, дар ҳайрат афтодам. Дарҳол ба Додоҷон

занг задам: «Дар конфренсия дар бораи чӣ суҳбат мекунед?»,-аз ӯ пурсидам. Чунин посух дод:

- Шаби 14 ба 15 июл ман лаҳзае хоб накардам! Бе ист ба занги телефонии дӯстон аз тамоми гӯшаву канори олам посух додам, ки худи ҳамин саволро медоданд. Ман босаброна фаҳмонидам, ки таклифро қатъиян рад кардам ва дар ин ҷамъомад иштирок намекунам. Бисёриҳо ба ман бовар намекарданд ва баргашта мепурсиданд, ки номат дар рӯйхат ҳаст, чаро иштирокатро пинҳон мекунӣ? Субҳ маҷбур шудам дар фейсбук бо изҳорот баромад кунам ва шарҳ диҳам, ки таклифи иштирок дар ин ҷамъомадро қатъиян рад кардам. Номҳои Ҳафиз Бобоёров, Абдуазими Абдуваҳоб ва ман дар рӯйхат ҳамчун фиреби назар ворид карда шудааст, то ки нафарони шубҳадошта дар конфронс иштирок намоянд. Бо дидани номҳои боло онҳо шояд ба Дортмунд ташриф меоварданд. Ба як нуктаи дигар таваҷҷуҳ намоед – ҳамаи онҳое, ки дар рӯйхат ҳастанд, ҳамчун шахсони одӣ зикр карда шудаанд. Танҳо Кабирӣ ҳамчун Устод Муҳиддин Кабирӣ зикр ёфтааст. Таблиғгарони бесавод ӯро аз ҳама баромадкунандагон боло мегузоранд ва ишора менамоянд, ки «мо шуморо даъват кардем, лекин ҳамаи шумо аз пешвои мо поёнед ва бояд инро эътироф кунед».

Ҳамаи тоҷикони саршиноси дар Аврупову Русия истиқоматдошта, Ҳаракати Ватандор, Иттиҳоди неруҳои созандаи Тоҷикистон ва Гурӯҳи 24 ба Кабирӣ барои намоиш лозим буд. Агар ҳамаи даъватшудагон ба Дортмунд ҳозир мешуданд, он ҷаласаро ба навор мегирифтанд ва ба хоҷагони худ мефиристоданд, ҳамчун далел – мана, эътилофе, ки аз мо талаб доред, ташкил шуд! Ва Муҳиддин Кабирӣ пешвои он аст! Супориши шуморо иҷро кардем! Пагоҳ бигзор ин эътилоф пароканда шавад – ин дигар муҳим нест.

Ҷамъомад дар Дортмунд – фитнаи номуваффақи навбатии Кабирӣ аст.

Боз як сабаби дигаре ҳаст, ки наметавонам бо Кабирӣ якҷо бошам. Аллакай се сол мешавад, ки нафарони наздики ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сиёҳкунии маро қатъ намекунанд ва ба таҳқир ва тӯҳмат дар ҳаққи ман пардохтаанд. Дар баробари ин, одамони дигари ӯ маро даъват мекунанд, баъзан илтиҷо менамоянд, ки бо онҳо бипайвандам. Дар ин духӯрагӣ мантиқро мебинед? Посухи ин суол дар ихтиёри шумост!»

Конфронсро ифтитоҳ карда, роҳбари кумитаи ташкилӣ Муҳаммадсаид Ризоӣ қайд кард, ки дар толор 300 нафар иштирокчӣ ҳузур доранд. «Ба Худо қасам мехӯрам, ки дар он ҷо 65-70 нафар итирок дошт!,-

гуфт яке аз иштирокдорон.- Вақте Ризоӣ 300 нафар гуфт, беихтиёр ба атроф назар кардам. Охир дар толор чанд маротиба камтар одам ҳузур дошт!»

«Ҳукумати оилавӣ», «ҳукумати фасодзада» - ин ибораҳо аз забони қариб ҳамаи баромадкунандагон садо медод. Худи шумо кистед? Кӣ ба шумо ҳуқуқ дод, ки аз худ додрас (судя) тарошед? Як маротиба ба оина нигаред – ҳамаи роҳбарони ҳизбатон аз як авлоданд. Дар мавриди фасод бошад, мансабдорони имрӯзаи тоҷик ба роҳбарони шумо шогирд ҳам шуда наметавонанд. Давоми 5 сол дар Афғонистон онҳо ба дуздии маблағҳое машғул буданд, ки аз ҷониби сарчашмаҳои ҳукумативу ғайриҳукуматӣ барои гурезагон интиқол мешуданд. Баъдан, соли 1997 ба Тоҷикистон ҳамчун шахсони сарватмандтарин баргашта, дар Комиссияи оштии миллӣ коррупсияро қонунӣ карданд – вазифаҳоро тибқи квотаи 30- дарсада ошкоро мефурӯхтанд. Роҳбари кунунии шумо Муҳиддин Кабирӣ – коррупсионери сатҳи ҷаҳонӣ аст. Муборизаи ӯ барои мансабро кишвари хориҷӣ маблағгузорӣ мекунад. Дар ҳоле ки давлати Эрон дастгирии молии Кабириро пинҳон намекунад, худи ӯ бе ҳаё ва ҷиддан ҳақиқатро пинҳон менамояд.

Дар дилхоҳ кишвари мутамаддини ҷаҳон неруҳои сиёсие, ки аз хориҷа маблағгузорӣ мешаванд, ғайриқонунӣ эълон гардида, муассисони он ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Барои мисол дур намеравем. Вақте муайян гардид, ки президенти собиқи Франсия Николя Саркозӣ дар маъракаи пешазинтихоботии худ аз маблағҳои Муаммар Қаззофӣ истифода кардааст, нисбат ба ӯ дарҳол парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд ва ӯ ба мурдаи сиёсӣ табдил ёфт. Солҳои зиёд гузашт, Қаззофӣ дигар зинда нест, Саркозӣ ҳам президент нест. Чанде пеш ӯ дар хусуси бозгашташ ба саҳнаи сиёсӣ лаб кушод ва пушаймон шуд. Дарҳол ба суду прокуратура даъват карданд.

Мақомоти тоҷик давоми 20 сол ба Ҳизби наҳзат иҷоза доданд, ки аз ҳисоби маблағҳои сарпарастони хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолияти қонунӣ дошта бошанд ва мағзшӯӣ кунанд. На фақат иҷоза доданд, балки нози ӯро бардошт карданд. Дар ин муддат насли ҷавоне бо майнаи шахшудаву қолабӣ ва орӣ аз тавони андеша ба воя расид, ки кӯр-кӯрона саҷда карда метавонистанду бас. Қобилияти мустақилона андеша кардан ва ба ҳақиқат расидани ин наслро замони таваллуд куштаанд. Ин ҷавонон калимаи коммунистро (онҳо кумунист талаффуз мекунанд) чунон бо танаффур ба забон меоранд, ки назди онҳо нафрати ровиёни майдонҳои Душанбеи солҳои 1992 ҳеҷ арзиш надорад. «Хизби манҳуси коммунист!!!» -

бо ҳаёҳуй дод мезаданд онҳо. Аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ 27 сол сипарӣ шуд, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳам фаъолияти камранг дорад, аммо образи манфури душман аз насл ба насл мерос мемонад. Дар ҳамин ҳол Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ аз такрор хаста намешаванд – дарҳои мо барои одамони гуногунандеша боз аст.

Акнун мустақиман ба Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат мекунам.

- Муҳиддин! Ту шармандаи миллатӣ! Барои он ки ту дар атрофат шармандаҳоеро ҷамъ кардаӣ, ки барои пул омодаанд ҳар корро анҷом диҳанд – дурӯғ гӯянд, туҳмат кунанд ва хиёнат намоянд!

-Ту Ватанфурӯш! Зеро ту хуб медонӣ, ки хоҷагонат бо дастони ту мехоҳанд дар Тоҷикистон боз як табаддулоти хунин анҷом диҳанд. Онҳо ба ту барои омода кардани инқилоби хунини нав пул медиҳанд!

- Ту хоини рақами 1 байни сиёсатмадорони тоҷик ҳастӣ, агар туро сиёсатмадор гуфтан ҷоиз бошад. Магар ту набудӣ, ки аз эътимоди Раҳматулло Зоиров истифода кардӣ ва вақте ба эътилофи соли 2013 ташкилкардаат ворид шуд, ӯро фурӯхтӣ? Баъд аз ин дар конфронси Дортмунд бе шарму ҳаё аз ӯ мактуби табрикотӣ интизор шудӣ? Ҳаволаи Зоиров ба Худост, ӯ сиёсатмадорест аз лагери дигар. Ту ҳаммаслакони худро, ки ба иғвоят барои кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 бовар карданду имрӯз барои ин бо қимати ҳаёти худ дар маҳбасҳои Тоҷикистон нишастаанд, низ фурӯхтӣ. Ту онҳоро гаравгон гузоштиву амнияти худро таъмин намудӣ. Чӣ гуна пастӣ! Нақша пастфитратона тарҳрезӣ шуда буд – агар табаддулот сурат мегирифт, ҳамчун роҳбари Ҳукумати муваққатӣ ба Тоҷикистон бармегаштӣ, агар на, ҳамсангаронат ҷазо мегиранд, на ту! Ҳамин тавр ҳам шуд.

- Вақте Ҳафиз Бобоёров ба даъвати одамонат ҷавоби рад дод ва сабабашро низ эълон кард, ҳаммаслакони ту, бо оғози маъракаи сиёҳкунӣ ва ифротгаро муаррифӣ кардани ӯ, бори дигар чеҳраи аслии худро ба намоиш гузоштанд. Шумо воқеан ба шиорҳои классикии солҳои навади худ, ки дар майдонҳои Душанбе садо медоданд, содиқ ҳастед: «Ҳар касе бо мо нест, душмани мост!» Наҳод то ҳол ту ва ҳаммаслаконат дарк накардаед, ки бо сиёҳкунии Бобоёров дар чашми тоҷикони мунаввар эътибори худро ба хок яксон кардед?!

Давоми сол, ки шумо ӯро барои пайвастан бо худ даъват мекардед, ӯ одами соҳибэътибор буд. Вақте, ки даъвати шуморо рад кард, ҳамон лаҳза ба душман табдил ёфт. Бобоёров – муҳаққиқи боистеъдод, нафари пок ва одами соҳибэҳтиром, бо мавқеи мушаххаси шаҳрвандӣ аст, ки тоҷиконро дар Аврупо ба таври шоиста муаррифӣ мекунад!

– Бас аст! – хитоб кардӣ ту дар Дортмунд. Бо ин сухани худат ба ту муроҷиат мекунам – бас аст! Бас аст дурӯғ гуфтан, хиёнат ва ватанфурӯшӣ кардан, ба чашми ҳамватанон хок пошидан! Суиистифода аз созишномаи соли 1997 бас аст! Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин пас аз тақсими мансабҳо худ барҳам хӯрд. Ҳамаи он муборизони роҳи Ислом, ки барои озодӣ ва демократия мубориза мебурданд, пас аз ворид шудан ба утоқҳои шинаму барҳаво, ки барояшон котибаҳо чой меоварданд ва нишастан ба мошинҳои хидматӣ, фаромӯш карданд, ки барои чӣ мубориза мебурданд. Ҳар яки онҳо барои ҳарчи бештар дар мансаб нишастан, дар алоҳидагӣ кӯшиш мекарданд ба Президент Эмомалӣ Раҳмон писанд оянд.

- Ту бо онҳое мемонӣ, ки ҳоло дар атрофат ҳастанд. Агар ягон нафари дигар ба ту ҳамроҳ шавад, дақиқ нафаре хоҳад буд, ки мисли атрофиёнат ҳаст. Агар нафаре пинҳонӣ ба ту ҳамроҳ шавад, мисли политтехнологи ту, пас яқин ӯ дар андешаи суғуртаи худ аст. Бо умеде, ки агар хоҷагонат аз ту рӯ гардонанд, номаълум аз пинҳонгоҳ мебарояд, то ки сарпарасти дигаре пайдо кунад.

- Ту ягон вақт Иттиҳод ташкил менамоӣ. Лекин ин Иттиҳоди дурӯғин ва тахайюлӣ барои додани ҳисобот ба сарпарастонат хоҳад буд. Одамоне, ки нисбат ба тақдири ояндаи Ватани худ бефарқ нестанд, ҳеҷ гоҳ бо ту нахоҳанд буд.

Тақдири ту ҳамин гуна ҳаваснокарданӣ аст!