Хитобнома аз номи гурўҳи Ҷавонони Ҷайҳун

.

Замоне кӯҳистони Бадахшон ҷои мардони мард буд. Беҳтарин донишмандон, шоирон, адибон, рӯзноманигорон онҷо таваллуд шудаву ба воя расидаанд. Носири Хусрави Қубодиёнӣ рафту онҷоро макони худ қарор дошт. Аммо имрӯз ба онҳо чӣ шуд? Куҷост он мардони донишманд, он ҷасурони хунсард, он паҳлавоне, ки ғурури кӯҳистонӣ доранд?  (албата ҳанӯз ҳам ҳастанд, аммо ангуштшумор)?

 

Ҳодисаҳои шаҳри Хоруғро мебинем, мушнавем, мехонем. Гӯё чанд силоҳбадаст, чанд нашъаманду нашъаҷалоб, чанд почакандани намакношинос, чанд бангиву…. бо яроқҳои аз афғонҳову «Толибон»-у ва ҳоказо гирифта, бо пули маводи мухаддир ҷамъ намудаашон гурӯҳакҳо ташкил кардаанд.  

Гӯё Фирдавсии бузургвор аҳволи ҳамин гурӯҳаконро дидаву ин ду мисраро суруда бошад:

Дар Эрон намондаст шеру паланг,

Ҷаҳонро гирифтаст рӯбоҳи ланг!

 

Мегӯянд, ки дар шаҳри Хорӯғ гурӯҳи муташаккали ҷиноӣ солҳост амал мекардааст. Толибаку Ёдгораку Боқираку Мунавараку Шерзамонак ва ҳамингуна «ак»-ҳои дигар «зур» будааст. Бенизомӣ мекардааст,  қоидаву қонунҳои худро ташкил намудаву дар Хоруғ дастаку даврон мекардаанд.

Ин гурӯҳакони хоруғии берун аз одамият нангу номуси худро мисли хариду фурӯши героинашон кайҳо ба савдо гузоштаву рӯ ба беномусӣ овардаанд. Аввалин маротиба дар ҷаҳон чунин гурӯҳҳои муташаккали ҷиноиро дидан мумкин аст, ки зери эзорӣ занҳояшон пинҳон шудаанд. Эй гурӯҳакони нодида марг бар шумо! Ҳайфам меояд, шарм медорам, ки шуморо гурӯҳои муташаккал мегӯянд. Марде, ки пушти эзори зан яроқ дар даст пинҳон мешавад, магар мардаст? Мардакча аст? Ё занакча?

Шумо кӣ ҳастед, нанги номуси мардиятон куҷост, ки занҳоро пуштибонӣ худ кардааед?  Магар ин аст нишонаи мардӣ?  Магар шумо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиед?  Марг бар шумо! Шармам меояд аз мард буданатон, аз бадахшонӣ муаррифӣ карданатон.

Чї гуна мардед, ки дидбонгоҳҳои сарҳадии шуморо Ҷавонони шуҶої минтаќаҳои дигари кишвар омада посбонї менамоянду шумо аз хизматї аскарї, ки мактаби мардонагї ном мебаранд даст мекашед?!

 Хитобе ба…

Толибак! Беномусӣ, бе орӣ, занмиҷозӣ, авомфиребӣ, ғорату нобасомонӣ то ба кай?!

Ёдгорак Яроқбозӣ то ба кай, мардумфиребӣ то ба кай? Қатлу ғорат то ба кай?

Боқирак ва Мунаварак!  Авбошӣ то ба кай?!  Муздурї то ба кай? Ҳероинфурӯшӣ то ба кай ?! Ин ҳама эзорпӯшӣ то ба кай?!...

Эй модарону хоҳарони хоруғии ман ин қадар ба ин гурӯҳакон, ин шабушкакон, ки пушти худ пинҳон кардаед, беҳтар нест, як либосҳои занона (куртаву пойдоман) ба инхо  диҳед?!  Маргатон беҳ гурӯҳакҳо…!!!  Якин аст, ки модарону хохарони хоругии мо бо шумо нестанд ва харгиз бо чунин гуруххакхо намешаванд.

Занон мардона гоҳо ишқ варзанд,

Заифиҳои ин гурӯҳаконро чӣ гӯям?...

 

 

Бо эҳтироми зиёд як зумра  сокинони  Ҷавонони ноҳияи Ҷайҳун

Нодири Қодир

Исмат Ҳасанов,

Ҷамшед Худойназаров,

Хуршед Комилов

ва дигарон