НБО Роғун – зарба ба наҳзатиҳо
Чархаи аввали Иншооти аср НБО-и Роғун, инак, рўзи 16 ноябри соли 2018 ифтитоҳ меёбад ва тамоми сокинону шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин санаи таърихиро солҳо боз интизори мекашиданд, бо хушҳолию тантана онро ҷашн хоҳанд кард. Аммо гурўҳи кўчаке, ки дар фазои иттилооти ва сиёсии кишвар таҳти унвони «наҳзатиён» шинохта мешаванд, аз ифтитоҳи чархаи якуми пружаи аср маъюс мешаванд ва дуди оҳу афғонашон ба осмон мепечад. Бакордароии чархаи аввали НБО Роғун барои ин тоифа малоли хотир аст ва муҳимтар аз ин, фоҷеа мебошад.
Ба дунболи ин, наҳзатиёни террорист ба ҳеҷ ваҷҳ, ин гуна тарҳҳои бузургро, ки манофеи миллию мардумиро ифода мекунанд, ҷонибдори намекунанд. Фаъолони ТТЭ ҲНИ мунтазам дар фазои маҷози вобаста ба сохтмони ин иншооти муҳим матолиби писхандомезу кинояангез интишор медоданд. Решаи нотавонбинии ин тоифа дар методикаи тафаккурии онҳо, ки бар асоси таассуботи мазҳаби созмон ёфтааст, зоҳир мегардад. Ҳарчанд ки аксарияти наҳзатиён дар хориҷ аз кишвар бо либоси модерн ва тарзи суханронии аврупои мусаллат шудаанд, решаи тафаккури онҳо тағйир наёфтааст. Онҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи аврупоиён ва элитаи сиёсии ғарби аз приёмҳои муассири имрўзи истифода мебаранд, то воќеиятҳои даруниашон пинҳон бимонад ва радди маърака нагарданд.
Бигзарем, роҳандозии муҷаддади пружаи Роғун ва ба кор даромадани чархаи якуми он ҳадди аќал ба чанд далел оромии рўҳию равонии наҳзатро аз байн мебарад: якум, наќшаю барномаҳои сиёсию идеологии онҳоро, ки алайҳи давлату миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, наќше бар об мекунад; дуюм, раванди таблиғоти густурдаи иттилоотию хабарии наҳзатро, ки дар чанд расона, сомона ва пойгоҳи таҳлили мутамарказ шудааст, заиф месозад ва мояи нигаронии бештари муҷриёни дастгоҳҳои хабарию таблиғии онҳо мегардад; сеюм, баланд рафтани сатҳи тавоноиҳои энержии давлати Тоҷикистон сатҳу сифати ҳамкориҳои кишварҳои ќудратманди минтаќа ва ҷаҳонро бо давлати мо боло мебарад ва ин ҳолат, на танҳо ба наҳзат ва сарпарастони пружаи наҳзати маъќул нест, балки фаъолияти минбаъдаи онҳоро зери суол мебарад; чорум, наҳзат, ки аз нотавонии иќтисоди ва энержии давлат ҳамеша муғризона интиќод мекунад, бо ба кор даромадани чархаи якуми пружаи аср – Роғун назди пуштибонони шарќию ғарбии худ камнуфуз ва ё, аслан бенуфуз мегардад; панҷум, ҷомеаҳои мадани ва шаҳрвандии аврупои, ки роҳбарияти сиёсии наҳзатиро хеле сатҳи мешиносанд, ба пучу бамаъни будани иддаоҳои наҳзати, ки ҳамарўза дар расонаҳою пойгоҳҳои иттилоотии ба худаш наздик анҷом медиҳад, бовар ҳосил мекунанд ва ин вазъ охири кори наҳзат дар масри ба даст овардани эътимоди аврупоиён хоҳад буд.
Хулоса, роҳандози гардидани пружаи Роғун ва ба кор даромадани чархаи аввали он зарбаи муҳликест, ки ТТЭ ҲНИ ҳеҷ интизорашро надошт.
Ба умеди ободии кишвар ва хушрўзии ҳамватанон,
Саид Носир, коршинос