САМИМИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТ САМИМИЯТ БА МИЛЛАТ

.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант рӯзи 16 ноябри соли равон дар бозори марказии ҶДММ «Муҳаббати Беғам»  бахшида Рӯзи Президент ва кушодашавии кори агрегати якуми НБО-и «Роғун» бо ҷалби зиёди соҳибкорон ва сокинони шаҳр  чорабинии фарҳангӣ сиёсӣ  баргузор намуд.

 

Дар чорабинии мазкур муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳр Назарова Фароғат, роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр Неъматзода Ҳабибулло, аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ ва дигар шахсони обрӯманд, иштирок доштанд.

Пеш аз оғози чорабинӣ кормандон ва соҳибкорони бозори мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсули дастранҷи хешро пешкаши ҳозирин намуданд. Инчунин аз тарафи аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар дохили бозори марказӣ, маводҳои таблиғотию ташфиқоти оид ба рӯзи Президент ва кушодашавии чархаи аввали НБО «Роғун» тақсим карда шуданд.

Дар ин саннаҳои муҳими тақдирсоз иштирокдорони чорабинӣ  бо шиору овезаҳо, сару либоси идона, рақсу шеъру  сурудхониҳо дар фазои сулҳу осоиштагӣ, бо  дилгармӣ саршор пур аз меҳру муҳаббат ба корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хуши пазируфта,бо як шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.

Чорабинии идонаро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Назарова Фароғат  оғоз намуда, иброз намуд, ки парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат»-ро ба тавсиб расонид. Ин қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст ва вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

16-ноябри соли 1994 рӯзи савгандёдкунии нахустини Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, аз ин хотир ин сана ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб гардидааст.

Аз давраи қонуни мазкур ҳамасола сокинони Ҷумҳуриамон 16-ноябро ҳамчун рӯзи 16-уми Шурои Олӣ ва ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. 

Инчунин дар таърихи энергияи тоҷик боз як санаи фаромушнашаванда      16 ноябри соли 2018 оғози кори агрегати якуми НБО-и «Роғун» бо ҳарфҳои зарин сабт гардид. Ин як қадами устуворест дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар.

Дар охири чорабинӣ ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён»-и шаҳри Левакант бо сурудҳои дилнишинашон таъби ҳозиринро болида намуданд.