НАШРИЯИ АМРИКОӢ ҲНИТ-РО БА ДАСТ ДОШТАН ДАР КУШТОРИ САЙЁҲОН АЙБДОР КАРД

.

"Настоящее Время” – телевизиони муштараки радиои "Озодӣ ва "Садои Амрико” бори аввал ба таври ошкор ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кард. Дар гузориши "Настоящее Время” гуфта мешавад, ки "ҳамлагарон бо супориши кураторашон узви фаъоли ҲНИТ Қорӣ Носир муддати зиёде гуруҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд. Гузориш зоҳиран бо кумак ва ҳамкории мақомоти Тоҷикистон омода шудааст, чунки мусоҳибаи видеоии ихтисосии Ҳусейн Абдусамадов роҳбари гуруҳи ҳамлагарон ба .. хабарнигори хабаргузории Русия низ барои истифода дар ихтиёри ин нашрияи амрикоӣ дода шудааст.

 

Гузориши видеоии "Настоящее Время” – телевизиони муштараки радиои "Озодӣ” ва "Садои Амрико” – рӯзи 21 ноябр, дар рӯзе нашр шудааст, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) – роҳбар ва ягона узви зиндамондаи гуруҳи қотилони сайёҳони жориҷиро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Ду сокини Норак – Беҳрӯз Сафоев ва Кароматулло Ғаниев – барои кумак ба террористон 16-солӣ ва 12 тани дигар, аксар сокинони Норак ва асосан бо иттиҳоми хабар надодан ба мақомот, аз як то якуним сол маҳкум ба зиндон шуданд.

Ин гузориш зоҳиран бо кумак ва ҳамкории мақомоти Тоҷикистон таҳия шудааст, чунки ба муаллиф имкон додаанд, ки дар он кадрҳои мусоҳибаи видеоии ихтисосии Ҳусейн Абдусамадов бо ... хабарнигори хабаргузории Русияро низ истифода барад.

Муаллиф Андрей Цыганов изҳор медорад, ки дар пушти ҳамлаи рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара, ки 4 сайёҳ аз Амрикову Ҳолланд ва Швейтсарияро кушта ба ҷо гузошт, ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ истодааст: "Ҳамлагарон бо супориши кураторашон узви фаъоли ҲНИТ Қорӣ Носир муддати зиёде гуруҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд. Шоҳидон монеи куштани ҳамаи сайёҳон шуданд.

Вале Ҳусейн Абдусамадов дар мусоҳибааш бештар ба нақши ДОИШ ("Давлати исломӣ”) ишора мекунед, то ба ҲНИТ: "Мо аввал роҳи Душанбе Майхӯраро дидем, вале ягон сайёҳ ба чашмамон нахӯрд. Баъд роҳи Душанбе Турсунзодаро дидем. Ва баъди ин ба дидани роҳи Душанбе Кӯлоб рафтем. Дар ноҳияи Данғара 7 сайёҳро вохӯрдем, ки савори велосипед ба тарафи Душанбе мерафтанд. Ба онҳо ҳамла кардем. Аввал бо мошинҳо, сипас бо корд ҳамла овардем ва аз ҷои ҳодиса фирор кардем.

Муаллиф мегӯяд, ин нахустин чунин ҳамла дар Тоҷикистон буд ва террористон ҳадафмандона хориҷиҳоро меҷустанд, то дар соле, ки дар ин кишвар Соли рушди туризм эълон шудааст, сару садои ҳадди аксар ба даст биояд ва обрӯи Тоҷикистон дар ҷаҳон паст шавад.

Абдусамадови 32-сола низ дар мусоҳибааш инро тасдиқ мекунад: "Ин ба фоидаи Сурия ва Ироқ буд, ки мо онҷо дар сафи ДОИГ будем. Баъд Қорӣ Носир гуфт, бо ДОИШ маслиҳат шудааст, ки ба сайёҳон ҳамла кунем, то ба Тоҷикистон осеб расида, сатҳаш дар арсаи байналмилалӣ пойин равад.”

Муаллиф дар идомаи гузоришаш мегӯяд, Гулчеҳра Шодмонова, модари 8 фарзанд, инро ки писарихурдии ӯ Ҳусейн Абдусамадов ба ҷои таҳсил дар Донишгоҳи тиҷорат ба роҳи террор рафт, низ роҳбариҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Қорӣ Носирро айбдор мекунад ва талаб дорад, то онҳоро қапида оварда, ба ҷавобгарӣ кашонанд, на писари ӯро.

"Настоящее Время” дар гузоришаш назари тарафи дигар – ҲНИТ-ро, ки ҳар навъ даст доштанаш дар ҳамлаи Данғараро рад карда, хостори таҳқиқи байналмилалии ин ҳодиса шуда буд, аслан наовардааст. Дар ин бора ҳам, ки масъулияти куштори сайёҳон дар Тоҷикистонро ДОИШ ба дӯш гирифт, дар ин гузориш чизе гуфта намешавад.

Матбуоти Ғарб маъмулан дар баробари иттиҳомоти мақомоти расмии Тоҷикистон мавқеи ҲНИТ-ро низ мунъакис мекунад. Вале дар ин авохир бахши тоҷикии радиои "Озодӣ” дар гузоришҳояш ба фарзияи мақомот дар бораи даст доштани ҲНИТ дар куштани сайёҳон таъкид карда, ин иттиҳомро шадидан рад кардани ҲНИТ-ро "фаромӯш” мекард.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла додситонии кулл, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали куштори сайёҳон ҲНИТ-ро айбдор карда, гуфтанд, ки видеои ба ДОИШ савганд ёд кардани ҳамлагарон танҳо ба хотири гӯл задани тафтишот аст.

Намояндагони ҲНИТ то ҳол гузориши ахири "Настоящее Время”-ро шарҳ надодаанд. Яке аз намояндагони ҲНИТ ба сомонаи "Ахбор” гуфт, онҳо мехоҳанд аввал шарҳу тавзеҳи роҳбарияти ин нашрияи амрикоиро дар бораи нашри ин мақола бигиранд.

Ва аммо гуруҳҳои тарафдори ҳукумат, ки бо номи "фабрикаи ҷавоб” машҳуранд, аз гузориши «Настоящее Время» ҳамчун далели эътирофи нақши ҲНИТ дар куштори сайёҳон аз ҷониби матбуоти Ғарб истиқбол кардаанд.

Дар ин бора дар ин гуруҳҳо мақолае аз номи "таҳлилгар”-и то ҳол ношинос бо исми "Фирӯз Қаҳрамонов” нашр шудааст. Ин мақоларо "ҲукмиҲусейнАбдусамадов (Нахӯдов) дар расонаҳои хориҷӣ дастгирӣ ёфт”ном додааст. Дар мақола гуфта мешавад, ки мусоҳибаро аз Абдусамадов дар боздошт хабарнигори хабаргузории русии РИА Новости Лидия Исамова гирифтааст.

Муаллиф аммо нагуфтааст, ки ин мусоҳибаи ихтисосӣ ба хабаргузории русӣ чӣ гуна дар дасти нашрияи амрикоӣ қарор гирифт?

https://akhbor.com/-p7940-155.htm