ВОЙ БАР ЊОЛИ РОСТГЎЙИВУ ЊАЌИЌАТНИГОРЇ!
Мусоњибаи ба ном як тан аз њомиёни њуќуќи башар ва кўдак Шабнам Худойдодова дар сомонаи ифротии Сайидюнуси наҳзатї зери сарлавњаи пурњангомаи «Ҳимоят аз ҳуқуқи кўдакон, барои ман дар дараљаи аввал қарор дорад» нашр шуд. Воќеан, тамоми мусоњибаю матолиби нањзатї ва ба ном мухолифинї тањти сарлавњањои њангомабарангез интишор меёбанд. Мусоњиба кўтоњ аст, аммо дар ин мусоњибаи кўтоњ бону Шабнам хеле дурўѓ гуфта ва дурўѓ парокандааст. Ба посухњои ў дар чанд нуќта тавзењот манзур месозем:
Як.Мушкил ин љост, ки Шабнам Худойдодова њељ гоњ дар фикри дигарон набуда ва нест ва танњо ба василаи њангомасозињояш мехоњад љомеаи аврупоиро ба персонаи худ љалб намояд. Аз кай боз њомии њуќуќи кўдакон шудани ин бону маълумаст. Њаминки ба Аврупо паноњанда шуд, дигар дар пайи њифзу дифои њуќуќњои кўдакон иќдом намуд, то ин њангом ба чї кор машѓул буд. Њангомасозї кардан ва симои худро дар маърази тамошои љомеаи аврупої гузоштан имрўз ба кори рўзмарраи ба ном мухолифини тољик табдил ёфтааст ва Шабнам аз ин ќоида истисно нест. Барои он ки дар љомеаи мадании аврупої шинохта шаванд, ба њангомасозии матбуотї ва расонаї машѓул мешаванд. Аммо љомеаи мадании аврупої даргири умури худ њаст ва ба ин навъ шиорпароканию њангомасозињо, аслан таваљљуњ намекунад ва фурсат њам надорад.
Ду.Аслан, аз дасти Шабнам – ин њомии њуќуќ коре барнамеояд ва он чики то имрўз анљом пазируфтааст, таъсири фаъолияти ў нест. Доирањои њуќуќи аврупої, ки бо элитањои сиёсии манфиатхоњи ѓарбї дар робитаи танготанг ќарор доранд, аз ин ќазияњо манфиати худро мељўянд, бинобар ин, тамљиду ситоишњои Шабнам характери мардумї надоранд. Аз љониби дигар, озод шудани нафароне, ки зиндонї буданд ва дахолати доирањои њуќуќи ѓарбї ба ин масъала ба Шабнам дахле надорад.
Се. Дар Тољикистони кунунї њама чизатон озодаст, аммо озодї ва истиќлол дар доираи ќонун авлавият дорад. Озодї гуфта, њар кореро ки мехоњем, кардан гирем, аз ин мафњум њељ чизи муќаддас боќї намемонад. Њуќуќи ќудак имрўз њам риоят мешавад, ЉумњурииТољикистон дар созмонњои дифоъ аз њуќуќи кўдак узвият дорад. Дар нишастњои созмонњои марбута ширкат меварзад, барои ҳифзи ҳуқуқи кўдакон њама кор анљом дода мешавад. Аммо намегузорад, ки ду-се нохалафе дар пардаи дину мазњаб пинњон шуда, истиќлолияти давлатиро зери хатар гузорад. Агар таќдири ин миллату давлат ба дасти нафароне чун Шабнам гузошта шавад, дар њадди аксар ќонунбофию ќонунсозї карда, љомеаро ба арсаи бозињои сиёсї тела медињанду худ хушк аз об баромада, боз ба хориљ паноњ мебаранд. Ин навъи дар нохунак «дилсўзињо»-ро мо бисёр дидаем.
Чањор.Тамоми љомеаи љањонї, ба назари Шабнам барои кўдаки ў – Фотима мубори забурд, вале дар дунё њазорон-њазор кўдак аз нарасидани оби ошомиданї, сатњи баланди зўроварї, ѓуломї, бадрафторї ранљ мебаранд, љойи зист надоранд, бесарпаноњанд. Чаро созмонњои байналмилалї ба ин масъала таваљљуњ намекунанду ба овардани кўдаки Шабнам ин ќадар пофишорї менамоянд? Посух яќинаст: Ин созмонњо ба нафароне кумак мекунанд, ки ба манфиати онњо кор мекунанд, вагарна чаро ба таќдири кўдакони дигар бетафовутї зоњир менамоянд? Хангомаи овардани духтари Шабнам ва набераи Кабириро њамаи расонањои дохилию хориљї интишор доданд ва њатто назди худ пурсишеро матрањ накарданд, ки чаро ба ќазияи миллионњои кудаки бесарпаноњи сайёра расидагї намешавад ва чаро мањз ќазияи набераи Кабирї ва духтари Шабнами Худойдод, ки барои давлату миллат заррае хидмат накардаанд, пайгирї шудааст? Бар илова, баргаштани модари Шабнам чї мушкиле дорад, бигзор, баргаштан гирад. Касе ба ў кор надорад. Дар зимн, худи Шабнам ќазияро хусусї кардан мехоњад ва онро нобихрадона ба“зулми” Ҳукумат рабт медињад. Магар Роҳбарияти кишвар дигар коре надорад, ки ба модар ва духтари як нафар бону (ва он њам бонуи ношинохта) кор мегирад?! Њабс кардани модари як нафар бонуи аз ватанфироркарда ба давлат чї лозим? Воќеан, айбаст, айби калон, бонуи азиз Шабнами Худойдод!
Панљ.Њаќиќатгўйињои Шабнам њаќиќатгўйињои ќањрамонилатифањои халќї Афандиро мемонанд, ки дурўѓњои бофтаи худро бовар мекунад. Кадом њаќиќатро ин бонуи азиз мегўяд, мо намедонем. Агар њамон иѓвогарию иттињомзанї ба унвони њаќиќат шинохта шавад, вой бар њоли ростгўйиву њаќиќатнигорї!
Фаридуни Ориёї, таҳлилгар