«Паймони милли» ҳамон наҳзати касиф аст

.

Охири садаи гузашта ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълоншудаи наҳзати ислом дар ҳаёти халқи тоҷик нақшеро бозид, ки назираш дар ҷаҳон камшумул аст. Интихоб гаштани ин ном ва аз эътиқоди динии мардум кор гирифтани саркардагону таъсисдиҳандагони ин ҳизб бепоя набуд. Ин нақшае буд тарҳрезишуда ва нусхаи ҳодисаҳои дар баъзе мамолики шарқ ба вуҷуд омада. Имрӯз бо гузашти солҳо амиқан дарк менамоем, ки ин ҳизб бо кадом мақсад ва аз ҷониби кӣ таъсис ёфт. Вале солҳои мудҳиши 90-ум ба хаёли ҳеҷ тоҷику тоҷикистонӣ намеомад, ки кадом як гурӯҳи худхоҳу мансабталош ва дур аз фармудаҳои дини мубини Ислом барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ба роҳи куфру хиёнат мераванд.

 

Ин буд, ки он солҳо ин нафарони курдилу бешуур тавонистанд қисме аз мардуми моро ба доми худ кашанд ва бо ин ба аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ доман зананд. Бо он табиати шайтоние, ки доштанд, тавонистанд халқи тоҷикро ба ду қисмат ҷудо созанд ва онҳоро ба ҷони ҳам дарафкананд. Нақшаву ҳадафашон ин буда, ки мардуми мусалмони ҳанафимазҳаби Тоҷикистонро аз мазҳаби хеш дур ва асири мазҳабу равияи бегонаи дурӯғини хоҷагони хеш гардонанд. Он қадар талоши давлату қудрат доштанд, ки қатлу куштори ҳаммиллатон барояшон ба кори оддӣ табдил ёфт. Рӯшанфикрону зиёиёне, ки мехостанд симои аслии ин ҳизбро ба мардум фаҳмонанд аз ҷониби ин шайтонсиратон кофиру ҷоҳил эълон мешуданд. Дар таърихи халқи тоҷик он солҳо солҳои сиёҳтарину ғамбортарин ба шумор мераванд, ки то кунун захмҳояш дарднок аст.

Баъди гузашти солҳо ҳар гоҳ чун он рӯзҳои мудҳишро ба ёд меорам эҳсоси ногуфтание, ки фароям мегираду шукрона ба он Худои ягона мекунам, ки  ба халқи тоҷик дубора сулҳу ваҳдатро арзонӣ дошт. Ҳар гоҳ ба қисмати талхи мардуми афғону баъзе кишварҳои араб андеша мекунам, бори дигар шукрона мекунам, ки бо хостаи дили мардуми оддӣ шарри он нохалафони пастфитрат аз хоки ватани мо руфта шуд.

Онҳое, ки ин ҳизбро барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон таъсис дода буданд, то як соли пеш ба самарабахшии барномаҳои нақшадоштаашон боварӣ доштанд. Вале дар охир тан доданд, ки дигар он найрангу дуруғи онҳо ба мардуми тоҷик таъсире надорад ва беобрӯёна тасмиме гирифтанд ба тағйир додани номи худ, ки комилан ихтилофи «эътиқоду фаҳмиш»-и худи онҳост. Охир аз дасти онҳо боз чӣ меомад, дар ҳоле, ки мардуми одии тоҷик тамоми аъмоли онҳоро  хуб дарк намудааст ва намегузорад, ки ин шағолони шернамо бори дигар ватану миллати тоҷикро ба гумроҳӣ баранд. Мардуми шарафманди тоҷик имрӯзҳо дарк намудаанд, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» ин маҳз ҳамон наҳзати касифест, ки сабабгори марги 150 ҳазор нафар ва гуреза шудани 1 млн нафар гардида буд. 

фидоӣ