Бемории ВНМО/ БПНМ ба аҳли башар таҳдид карда истодааст.

.

Рӯзи 04.03.2019 табиби шӯъбаи вогиршиносии Муассисаи давлатии  Муассисаи  давлатии маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Холов С.Ҷ ва ёрдамчии вогиршиносии маркази мазкур Қосимова М.Қ. дар МТМУ №10-и деҳаи Зағертути шаҳр бо хонандагону омӯзгорон ва сокинон доир ба пешгирии бемориҳои вируси норасогии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасогии масуният (ВНМО/БПНМ)  суҳбату вохурӣ доир намуданд.

 Дар вохӯрии мазкур табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии маркази пешгирӣ ва  мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Холов С.Ҷ. вобаста ба пайдоиш, аломат ва гирифтори бемориҳои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/ БПНМ)  ба аҳолӣ маълумот доданд.

Баъдан аз ҷониби иштирокчиён ва хонандагон саволҳо оид ба тарзи гузариш, давомнокии табобат ва аломатҳои бемории мазкур ва оиди пешгирӣ, дастрасии дорувориҳои дармонӣ ва мубталошавӣ ба бемории ВНМО саволҳо дода шуданд. Баҳри пешгирӣ аз ВНМО/БПНМ зиёда аз 60 варақаҳои иттилоотӣ ба иштирокчиён тақсим карда шуд.