Сомонаи беҳтарин
Чанде пеш бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни «Нерӯи сухан» эълон гардида шуд. Озмуни мазкур бо мақсади беҳтар гаштани пахши барномаҳои телевизиониву радиоӣ ва саҳифаҳои нашрияҳо, сайқал ёфтани маҳорати нигорандагии рӯзноманигорони вилоят роҳандозӣ гардид.
Хушбахтона дар озмуни мазкур ҷоизаи «Беҳтарин сомона»-ро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант соҳиб шуда, бо туҳфа ва Шаҳодатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардид.