Вохӯрӣ бо омӯзгорони ҷавон

.

Рӯзи 12. 03. 2019 мудири бахши маорифи шаҳр Абдулов М. С. бо омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳр вохӯрӣ баргузор намуданд. Вохӯрии мазкур озод ва ошкоро вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, таълиму тарбия, саҳми ҷавонон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  гузаронида шуд.

 

Омӯзгорони ҷавон вобаста ба масъалаҳое, ки дар самти фаъолияташон ҷиҳати таълиму тарбия, инчунин оид ба пешрафти самаранокӣ кор доранд, ошкоро суханронӣ намуданд.