ТТЭ ҲНИ ва бозии навбатии думравони ӯ

.

Рӯзҳои охир хабарҳои «омаду баргашти» Шарофиддин Гадоев, роҳбари созмони ислоҳот ва рушд,  нафаре, ки солҳо боз дар мамлакатҳои Аврупо паноҳ бурда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бадтарин алфоз ба нақзи қонун ва поймол шудани ҳуқуқи инсон ва ба ин монанд туҳмату буҳтон айбдор месозад, аз пуровозатарин вақеаҳо дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

Ин афроди ғайбатгару туҳматчӣ бо он таҷрибаи солҳо андӯхта ва роҳбарии пирашон-Кабирии беномусу косалес намоишномаи тарҳрезишудаеро рӯйи саҳна  оварда, хостанд бо ин роҳ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба «поймол шудани ҳуқуқи инсон», мавҷуд будани «гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ» дар Тоҷикистон ҷалб намоянд.

Иҷрокунандаи нақшҳои асосӣ, Шарофиддин Гадоевро дар дигар маврид ҷоиза ё сипосномае интизор буд, зеро танҳо актёрони ботаҷриба метавонанд дар як филм якчанд нақши хилофи ҳамро бибозанд.

Саҳнаи пушаймонии Ш. Гадоев бо хушнудии ӯ аз ободию озодии ватан, арзи сипос ба мақомоти қудратӣ, ки дар баргашти ӯ саҳм доштанд, изҳори хушнудӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои авф шуданаш, аз суханони то имрӯз дар бораи ватану роҳбарияти он гуфта сидқан пушаймон буданаш, аз сари ҷавониву нодонӣ ба доми фиреби Кабириву пайравони ӯ афтиданаш, дурӯғ будани тамоми суханони Кабирӣ ва ҳоказо.  

Саҳнаи дуюм пахши изҳороти Ш. Гадоев аз хусуси «эҳтимол» - и рабуда шуданаш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки қаблан ба навор гирифта шуда буд.

Саҳнаи сеюм баргашти ӯ ба Олмон, пешвозгириву мулоқоти ӯ бо Кабирӣ, сипосгузорӣ ба давлатҳое, ки дар «баргардондан»-и ӯ саҳм доштанд.

Ростӣ кас намедонад бовар ба кадом Шарофиддин кунад. Кадомаш рост мегуфту кадомаш дурӯғ. ӯ дар кадом саҳна самимӣ буд. Дар саҳнаи аввал, ки Кабириро бо дурӯғғӯиву туҳмат задан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор мекард, дар саҳнаи дуюм, ки мехост эҳтимоли аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дуздида шуданашро «пешгӯӣ» кунад ё дар саҳнаи сеюм, ки бо Кабирӣ оғӯш кушода, (мисле, ки на Шарофиддин, балки каси дигар ҳамин чанд рӯз пеш Кабириро ҳамчун туҳматчиву иғвогар ба қалам медод) аз «баргашт»-и ӯ хушнудӣ мекарданд.

Дар миёни мавҷудоти олам хазандаест машҳур бо номи хамелион, ки ҳар лаҳза метавонад ранги пусти худро иваз намояд. Рафтору кирдори Ш. Гадоев айнан хислати ин хазандаро мемонад. Ин қабил афрод, агар ҳазор бор бахшида шаванд, боз ҳам ҳамон феълу хӯи нопок оромашон намегузорад ва таҳрик ба неш задану заҳр пошиданашон мекунад. Ба онҳо мафҳумҳои ватан, модар, нанг, номус ноошност. Дар қиболи ин вожаҳо барои ҷавонмард иродаи қавӣ, эҳсоси милливу фарзандӣ лозим аст. Аммо ин думравони Кабирӣ кайҳост Ватан, Модар ва нангу номуси худро фурӯхта, ғулому мутеи ҳалқабардӯши бегонагон гаштаанд. Ин ҷо ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки гуфта:

Ба мардуми бенанг Ватан ҳайф аст,

Ба қавми беирода сухан ҳайф аст.

Барои мо низ боиси таассуф аст, ки чунин ҳамватанони бо имону виҷдони фурӯхташуда дорем. Онҳо ангуштони шашумро мемонанд дар панҷаи миллат. Аммо аз ҷониби дигар кирдори ношоями ин афрод ва нафрати мардуми оддии кишвар нисбат ба онҳост, ки насли ҷавонро аз оқибати бади аъмоли ин ватанфурӯшону хоинони ватану миллат ҳушдор месозад. Бозии навбатии думравакони ТТЭ ҲНИ – ро тамоми мардуми тоҷик бо нафрати бепоён маҳкум менамояд.

 

 

Нуринисо Ибодуллоева,

Мудири шуъбаи кор бо занон

 ва ҷавонони КИ  ҲХДТ, ш. Левакант