Баҳри солимии сокинон тадбирҳо андешида мешаванд.
Соҳаи тандурустии шаҳри Левакант баҳри солимии ҷомеа талош варзида истодаанд. Рӯзи 14.03.2019 гуруҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Холов С. Ҷ., директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр - Акрамова С.С ва ҳамшираи тибби маркази солимии репродуктивӣ- Самиева З., дар муассисаи таълимии №4- и шаҳр, ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемории ВНМО бо омӯзгорону хонандагон суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Ба иштирокчиён аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба тарзи гузариш, пешгирӣ аз мубталошавӣ ва аломатҳои бемории мазкур иттилоъ дода шуд.
Дар охир ба иштирокчиён, зиёда аз 120 - варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.