Семинар – машварат

.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Левакант бо мақсади  иҷроиши қарори Пленуми Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2019  ва фармоиши раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон аз 4 марти соли 2019, №61 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани маҷлису конференсияҳои ҳисоботию интихоботӣ дар ташкилотҳои  Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон» рӯзи 12  марти соли 2019 дар муасссиаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 - и шаҳр Пленуми Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳр ва семинар - машварати дастурдиҳӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ, литсейҳо ва муасссиаҳои давлатии томактабӣ баргузор  гардид.

 

Ҳадаф аз баргузории  семинар - машварат дар семоҳаи дуюм ва чоруми соли 2019 гузаронидани  маҷлисҳои ҳисоботию интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва бастани қарордоди меҳнатӣ ва шартномаи коллективӣ байни коргару корфармо мебошад.