Солимии ҷомеъа ҳадафи мост
Бо мақсади беҳтар намудани саломатии аҳолӣ кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Акрамова Сумангул (директори марказ), Зокирова Шамсия (мудири шуъба) бо ҳамшираи тибби оилавӣ Собирова Ширмо рӯзи 11. 03.2019 дар кӯчаҳои Энергетик ва Борбад бо занону модарон дар мавзӯи «Солимии модару кӯдак» суҳбату вохурӣ доир намуда, баҳри солимии модару кӯдак ба онҳо маслихатҳои муфид доданд.
Чунин як суҳбату вохурии судманд тахти унвони «Саломати сарвати бебахо ва ганчинаи ноёб аст» аз ҷониби кормандони маркази мазкур, рӯзҳои 12,13 марти соли 2019 дар кӯчаи И. Сомонӣ №№4,7,8,9 ва деҳаи Табақчии ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо аҳолӣ доир карда шуд.