Оилаи солим кафолат ба фардо

.

Дар таърихи 18.03.2019 бо максади мустаҳкам намудани фаъолияти кормандони МТТХС бо аҳолӣ Акрамова Сумангул (директори марказ), Мирзоева Манижа (корманди марказ) бо табиби силшинос Эшахмедов Шодӣ ба  дехаи Қули Суфиён рафта дар байни ахолӣ корҳои таблиғотию ташвиқоти дар мавзӯи «Зӯроварӣ дар оила» гузарониданд.

 

Директори МТТХС Акрамова Сумангул зимни баромади хеш иброз дошт, ки «Зуроварӣ дар оила – кирдори зидди қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисоди, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани  ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ, ё зарар ба саломатии ӯ мегардад, ё таҳдиди расонидани чунин  зарарро  ба вуҷуд меорад, мебошад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» чораҳои инфиродии ҳифзи ҷабрдидагон - додани амрномаи  муҳофизатиро аз тарафи шуъбаи корҳои дохилӣ дар асоси аризаи ҷабрдидагон дар бар мегирад, иброз дошт Акрамова С.