Кӯдакон зери таваҷуҳ қарор доранд
Оид ба ҳифзи ҳукуқи кӯдак дар китобхонаи бачагонаи шаҳри Левакант рӯзи 15.03.2019 намоиши китоб таҳти унвони «Тарбияи насли худогоҳ-кафолати рушди давлат» баргузор гардид. Дар толори хониш зери сарлавҳаи «Фарзандонро худогоҳу худшинос тарбия намоем» намоиши доимамалкунанда тартиб дода шуда аст, ки бо маводҳои муҳим оиди мавзӯи номбурда ҳамеша пуррагардонида шуда, мавриди истифодаи хонандагон қарор дорад.