Расонидани кӯмак ба ятимони кулл

.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳар як ятими кулл дар ҳаҷми 100 сомонигӣ, дар маҷмуъ 2400 сомонӣ ва 24 халтачаи наврӯзӣ ба маблағи 1200 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

 

Инчунин аз тарафи бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи ҷашни мазкур ба 19 нафар хонандагон-ятимони кулли муассисаҳои таълимии шаҳр сару либос ба маблағи 1950 сомонӣ ва 19 халтачаи наврӯзӣ ба маблағи 570 сомонӣ расонида шуд.