Аёдати собиқадорони меҳнат дар арафаи ҷашнҳо

.

Дар арафаи фарорасии фасли баҳору Наврӯз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат бо намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр  ба аёдати собиқадорони меҳнат рафтанд.

 

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Ҳ. Султонов, бо намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр ба аёдати собиқадори меҳнат дар соҳаи маориф Р. Сармисоқов ташриф оварданд.

Суҳбати омӯзгори собиқадор бо масъулин аз давраҳои аввали фаъолияти омӯзгорӣ, солҳои нооромӣ дар кишвар, фаъолияти якҷояи кории онҳо дар ин давр оғоз гардида, то ба нафақа баромадану шароити имрӯзааш идома ёфт.

Раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр пеши худ ҳадаф гузоштаанд, ки дар оянда чунин иқдомҳои хайрхоҳонаро бештар ба роҳ монанд.